- зан
- I[زن]1. асоси замони ҳозира – оянда аз задан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои зананда: шохзан, зарбазан, роҳзан, торзан, муштзанII[زن]1. ҷинси модинаи инсон, ҷинси муқобили мард2. завҷа, аёл, ҳамсари мард; зани бева зани бешавҳар, бевазан; зани меҳнатӣ зани меҳнатдӯст, зани серғайрат; зани муштипар зани нотавон, оҷиза, заифа; зан гирифтан духтареро ба ақди никоҳи худ даровардан, издивоҷ кардан, хонадор шудан; зан додан касеро зандор кардан, хонадор намудан касеро; зан шудан ба касе ба шавҳар баромадан, бо марде издивоҷ кардан, ба қайди никоҳи марде даромадан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.